Ҳамватанони азиз!
Кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостонӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.
Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ҷашни соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо тозаву обод кардани манзили истиқоматӣ, муҳити зист, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегирифтанд.
Махсусан, дар Саразми бостонӣ, ки яке аз оғозгоҳҳои таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ва маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, тибқи бозёфтҳои бостоншиносон ва таҳқиқоти муаррихон анъанаҳои зикршудаи наврӯзӣ ҷойгоҳи хосса доштаанд.
Чунонки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии идонаи имрӯза дар хотир доред, қариб ду сол пеш – 12-уми сентябри соли 2020 мо дар асоси қарори ЮНЕСКО дар шаҳри Панҷакент 5500 – солагии Саразми бостониро, ки аз ҷониби бостоншиносону муаррихони маъруфи ҷаҳон эътироф ва тасдиқ гардидааст, бо ифтихор аз таърихи қадима ва тамаддуни деринаи миллати тоҷик таҷлил намудем.
Мардуми заҳматқарини шаҳри бостонии Панҷакент, ки зодгоҳи бунёдгузори шеъру адаби тоҷику форс – Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва яке аз марказҳои илму адаб ва донишу маърифати тоҷикон мебошад, аз тамаддуни деринаи миллати куҳанбунёдамон ойини неки созандагиро мерос гирифта, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ворисону посдорони анъанаву суннатҳои дар Саразми бостонӣ ташаккулёфта, арзишҳои миллӣ ва расму ойинҳои наврӯзӣ будани худро пайваста дар амал собит менамоянд.
Панҷакент дар баробари ин, ки яке аз мавзеъҳои бостонии кишварамон мебошад, бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.
Табиат, иқлим, захираҳои фаровони об ва замини ҳосилхез, яъне имкониятҳои зиёди шаҳри Панҷакент барои рушди бахшҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле мусоид мебошанд.
Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол беҳтар гардида, дар аксари соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд.
Дар ҳудуди Панҷакент 328 кони сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла захираҳои зиёди металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои ороишӣ кашф гардидаанд, ки барои рушди мамлакат ва шаҳр аҳаммияти калони иқтисодӣ доранд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани истихроҷу коркарди захираву имкониятҳои зикршуда тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.
Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 80 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудаанд, ки барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум саҳми калон гузошта истодаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо доир ба рушди боз ҳам бештари саноат, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи саноат, тавассути ворид кардани технологияҳои муосир афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва пеш аз ҳама, молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмин намудани корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир як силсила тадбирҳои мушаххасу судманд андешида шудаанд.