Номаи изҳори тасаллӣ аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Submitted by admin on Sat, 18/02/2023 - 10:15
Tajikistan
123

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари талафот ва захмӣ гардидани одамон, ҳамчунин харобиҳои зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаи душвор хоҳишмандам аз номи Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва ҳамчунин шахсан аз номи худам суханони ҳамдардӣ ва дастгирии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамзамон таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».

Теги