ХАБАРИ ХУШ! Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд

Submitted by admin on Fri, 02/12/2022 - 14:05
Tajikistan
kirm

Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 1 декбар дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.

Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО то 3 декабр идома мекунад. Ҳайати Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурхон раҳбарӣ мекунад.

Инчунин, зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба монанди «Ҷашни Меҳргон», «Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Санъати сохт ва рубобнавозӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

АМИТ «Ховар»

Теги