1. Бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 декабри соли 2022 бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт.
2. Зимни музокирот, Сарони ду давлат роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
3. Ҷонибҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои бародаронаи ду кишвар, ки бар мабнои муштаракоти таърихию фарҳангӣ, ҳамбастагии ҷуғрофӣ ва эътиқод асос ёфтаанд, тасдиқ карданд.
4. Сарони давлатҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки рушди онҳоро ба самти ҳамкории стратегӣ, ки ба нафъи ду кишвар аст, идома диҳанд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи шарикии стратегӣ, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро таҳким хоҳад бахшид, дар фурсати наздик ниҳоӣ гардида, зимни сафари Сарвазири Покистон ба шаҳри Душанбе соли оянда ба имзо расонида шавад.
5. Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Покистон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ҳамдигарро табрик гуфтанд.
6. Ҳар ду кишвар аз ҳамкории мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи СММ, СҲШ, СҲИ (Созмони ҳамкории исломӣ), СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ) ва МҲТБО (Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) бархурдор мебошанд. Густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба барои таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон мувофиқа гардид.
7. Сарвазири Покистон аз номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб шудан ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 дастгирӣ намуда, дастгирии Тоҷикистонро аз номзадии Покистон дар ниҳоди мазкур барои солҳои 2025-2026 баланд арзёбӣ намуд.
8. Сарвазири Покистон кӯшишҳои Президенти Тоҷикистонро, ки яке аз асосгузорони СҲШ мебошад, баланд арзёбӣ намуда, аз ташаббуси ӯ дар мавриди таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ кард.
9. Сарвазири Покистон аҳаммияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар доираи сиёсати «Дидгоҳи Осиёи Марказӣ»-и Покистон, ки бар панҷ рукни ҳамкориҳои дуҷониба, яъне сиёсӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика ва иттисол, амнияту мудофиа ва робитаҳои байнимардумӣ асос ёфтааст, таъкид кард. Ҷонибҳо аз ташаббуси Покистон ҷиҳати баргузор намудани Конфронси минтақавӣ оид ба фароҳаморӣ дар оғози соли оянда истиқбол намуданд. Сарвазири Покистон дастгирии кишварашро роҷеъ ба узвияти Тоҷикистон дар Созишномаи чорҷонибаи ҳамлу нақли транзитӣ (QTTA) таъйид намуд.
10. Сарвазири Покистон талошҳои давлатҳои Осиёи Марказиро дар бобати эҷоди фазои ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстӣ дар минтақа қайд намуда, аз баргузории Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-15 сентябри соли 2023 истиқбол кард.
11. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати танзими сафарҳои мунтазами ҳайатҳои парлумонӣ ба мақсади рушди минбаъдаи равобити дуҷонибаи самаранок тавофуқ ҳосил шуд.
12. Ҷонибҳо оид ба таҳкими равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тариқи дарёфти имконият ва ташаббусҳои нав ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ҷонибҳо масъалаи саривақтӣ роҳандозӣ кардани пайвастшавӣ тавассути роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ миёни ду кишварро бо гузаронидани машваратҳои доимӣ дар сатҳи коршиносон дар соҳаҳои марбута баррасӣ намуданд.
13. Сарони давлатҳо ҳамчунин аз пешравии бадастомада тариқи фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак, ки қаблан ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, бахусус савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ таъсис ёфта буданд, қаноатмандӣ иброз карданд. Ҳар ду ҷониб барои мунтазам баргузор кардани ҷаласаҳои ин гурӯҳҳои кории муштарак ва пайгирии мавзӯъҳо ба мувофиқа расиданд.
14. Ҷонибҳо омодагии хешро баҳри баргузор намудани ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар Исломобод изҳор доштанд. Сарони давлатҳо вобаста ба ҳамкориҳои кунунӣ дар доираи комиссия изҳори қаноатмандӣ карда, иродаи хешро ҷиҳати баргузории мунтазами ҷаласаҳои он баҳри таҳким бахшидани равобити иқтисодӣ таъйид намуданд. Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро, ки айни замон ба сатҳи равобити сиёсӣ мувофиқ нест, ба сатҳи зарурӣ афзоиш диҳанд.
15. Сарони давлатҳо татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи энергетикии муҳимми “CASA-1000”-ро таъкид карданд. Онҳо бар ин назаранд, ки татбиқи лоиҳа имконияти навро барои дастрасии минбаъда ба долонҳои энергетикӣ ва пешрафти тамоми минтақа фароҳам меорад. Зарурати татбиқи комили иқтидори васеи истифоданашуда дар бахшҳои энергетика, иттисол, кишоварзӣ ва саноат таъкид гардид.
16. Сарвазири Покистон ба Президенти Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бандари баҳрии Гвадар маълумот дода, пешниҳод кард, ки Тоҷикистон аз иншооти бандарҳои Покистон ва Долони иқтисодии Чин-Покистон истифода намояд. Ӯ таъкид дошт, ки бандарҳои Покистон масири кӯтоҳтарин ва камхарҷ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буда, ҷиҳати баромадан ба бозорҳи Ховари Миёна ва фаротар аз он, имконият фароҳам меоранд.
17. Президенти Тоҷикистон бо тамаркуз ба зарфият ва таҷрибаи Покистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва технологияҳои нав, аз он ҷониб даъват намуд, ки дар бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолона ширкат намояд.
18. Сарони давлатҳо ба тадриҷ рушд намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мубориза бо терроризм ва амният қайд карданд. Онҳо бори дигар азми худро барои густариши минбаъдаи фаъолият баҳри рафъи чолишҳои амниятии ду кишвар ва минтақа таъкид карданд. Ҷонибҳо терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум намуданд. Ҳар ду ҷониб саҳму талошҳои якдигарро дар муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм баланд арзёбӣ карданд. Зарурати таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, савдои одамон ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид. Ҷонибҳо аз таҳдидҳои нав ва зуҳурёбанда, бинобар афзоиши ҳамлаҳои террористӣ бар асари бегонаситезӣ, табъизи нажодӣ, ифротгароӣ ва дигар шаклҳои таҳаммулнопазирӣ ба хотири дин ё эътиқод изҳори нигаронӣ карданд.
19. Сарвазири Покистон аз кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва баргузории конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд муштаракан бо СММ дар доираи Раванди Душанбе ҷонибдорӣ намуд.
20. Сарвазири Покистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумаке, ки Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои обхезӣ ба кишвараш расонид, изҳори сипос кард. Президенти Тоҷикистон барои бозсозии зудтари инфрасохтор ва бозгашти мардуми иҷборан кӯчбаста изҳори умедворӣ намуд. Ҷонибҳо тағйирёбии иқлимро ҳамчун омили таҳдид ба мавҷудият унвон карда, бори дигар тасдиқ карданд, ки барои коҳиш додан ва мутобиқ шудан ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим талошҳои мушаххас ва ҷиддиро анҷом медиҳанд.
21. Ҷонибҳо аз кишварҳои пешрафта даъват карданд, ки дар коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва иҷрои уҳдадориҳои худ ҷиҳати маблағгузории кофӣ барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба манзури таъмини рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ саҳми фаъол гузоранд.
22. Сарвазири Покистон нақши Тоҷикистонро дар соҳаи дипломатияи обӣ тавассути ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мудирияти беҳтари захираҳои об эътироф намуда, барои баргузории бомуваффақонаи Конфронси дуюми оби СММ дар моҳи июни соли 2022 дар Душанбе табрик гуфт.
23. Сарвазири Покистон бо дарназардошти таъсири манфии тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба пиряхҳо аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ намуд. Ӯ аз қабули минбаъдаи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва баргузории Конфронси сатҳи баланд дар соли 2025 дар Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо истиқбол намуд.
24. Сарони ду давлат дар мавриди густариши исломҳаросӣ дар саросари ҷаҳон табодули афкор карда, аз иқдомот ва талошҳои муштараки Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин вабо пуштибонӣ намуданд. Онҳо аз эълон гардидани 15 март, Рӯзи байналмилалии мубориза бо исломҳаросӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол карданд.
25. Ҷониби тоҷикистонӣ аз кумакҳои доимии башардӯстона ва моддию техникии Покистон барои рушду равнақи Тоҷикистон қадрдонӣ кард. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бартарият ва таҷрибаи ниҳодҳои Покистон дар самти омӯзонидан ва тайёр кардани мутахассисонро дар соҳаҳои гуногун баланд арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маорифро тариқи табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ҳар ду кишвар тасдиқ карданд.
26. Дар робита ба Афғонистон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Афғонистони осоиштаю босубот, ҳампайвасту рӯ ба тараққӣ заминаи рушду шукуфоии минтақавӣ мебошад. Онҳо дар Афғонистон таъсиси ҳукумати ҳамашумулро муҳим арзёбӣ карданд.
27. Барои боз ҳам таҳким бахшидан ва фарогир намудани заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, якчанд созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд.
28. Сарони давлатҳо бо итминони комил изҳор карданд, ки ҳусни тафоҳуме, ки дар рафти гуфтушунидҳо ҳосил шуд, ҳамкориҳои ду кишварро боз ҳам амиқтар хоҳад кард. Президенти Тоҷикистон ба Сарвазири Покистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ нисбат ба хеш ва ҳайати ҳамроҳ изҳори сипос намуд.
29. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати анҷом додани сафар ба Тоҷикистон дар фурсати муносиб даъват ба амал овард.
Дар шаҳри Исломобод 14 декабри 2022 ба имзо расид.