РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Азиз Назар: «Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар равандҳои обии ҷаҳон кишвари пешбар эътироф шудааст»

Submitted by admin on Mon, 19/12/2022 - 15:53
Tajikistan
2018

Баъди қариб 50 сол дар шаҳри Ню—Йорк бори нахуст Конфронси оби СММ — 2023 баргузор мегардад, ки интизории ҷомеаи ҷаҳон аз он хеле зиёд аст. Мақсади асосии Конфронси оби СММ – 2023- мусоидат барои расидан ба ҳадафҳоест, ки барои масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд барои баргузории конфронс ҳамкории хеле хуб ба роҳ мондаанд, ки метавонад барои ҷаҳониён намуна бошад.

Дар мавриди ҳадафҳои конфронс ва мавзӯъҳои интерактивии қабулшуда сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз НАЗАР бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамсуҳбат гардид.

— Аввалан мегуфтед, ки мафҳуми «Раванди оби Душанбе» дар чӣ инъикос меёбад?

— Бояд дарк намуд, ки норасоии об дар манотиқи осебпазири ҷаҳон яке аз мушкилоти глобалиест, ки на хусусияти молиявӣ, сиёсӣ ё ҷисмонӣ, балки арзиши маънавӣ дошта, ба ҳаёти аҳолии сайёра бевосита алоқаманд аст. Табиат сарҳад намедонад ва миллат намешиносад, аз ин рӯ истодагарӣ намудан дар муқобили оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари калидӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим тӯли 20 соли охир зимни татбиқи ташаббусҳо, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 ба саъю талошҳои муштарак ҳамаҷониба тақвият бахшид.

Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Ҳамин тартиб, дар доираи «Раванди оби Душанбе» баргузории конфронсҳо ҳар ду сол фазои мусоид ва саривақтиро барои тавсеаи шарикӣ, ворид шудан ба муколамаи сиёсӣ, баррасии иҷрои Даҳсола ва рушди робита бо дигар равандҳои дахлдор фароҳам меорад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон моҳи июни соли 2022 Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони “Тақвияти амалҳо ва тавсеаи шарикӣ барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор намуд.

— Ба таври мухтасар мегуфтед, ки то имрӯз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об чӣ натиҷа ба бор овардаанд?

— То имрӯз Тоҷикистон ба ҳадафҳои худ аз ин ташаббусҳо пурра расидааст ва ин раванд идома дорад. Ҳадаф аз ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли ин мушкилот аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баргузории ҳар гуна тадбирҳо, ҳамоишҳо, аксияҳо ва маъракаҳои тарғиботӣ дастгирӣ ёфта истодаанд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо мекунанд, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пайгирӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки конфронсе, ки соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд сурат хоҳад гирифт, дуюмин конфронс баъди қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид хоҳад буд.

Дар ин росто Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Воқеан, мояи ифтихор аст, ки дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Давлати мо бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақш мегузорад.

Ҳадафи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар чист ва кадом мавзӯъҳоро дар бар мегирад?

— Тавре пештар зикр намудам, ҳадафи Конфронси оби СММ дар соли 2023- ин, пеш аз ҳама, андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба нақшаҳоест, ки дар сатҳи байналмилалӣ оид ба об тасдиқ шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ба ҳайси ҳамраиси конфронс, UNDESA ва СММ-Об ҳамчун котибони чорабинии мазкур ҳадаф доранд, ки Конфронси Оби СММ-2023-ро ба нуқтаи даврие табдил диҳанд, ки тамоми ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои об муттаҳид карда тавонад.

Тоҷикистону Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони Конфронси оби СММ дар моҳи марти 2023 кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то онро на танҳо аз лиҳози замонӣ, балки аз лиҳози натиҷаҳояш низ таърихӣ гардонанд.

25 октябри соли 2022 ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланди иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои Конфронси оби СММ 2023 доир гардид, ки дар он бо иттифоқи оро мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси 2023 тасдиқ гардиданд. Мавзӯи якум- «Об барои саломатӣ ва одамон» (Water for Health and People) мебошад. Ин мавзӯъ аз ҳадафу вазифаҳои мақсаднок, аз ҷумла таъмини идоракунии маҷмӯии захираҳои об, барҳам додани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пеш бурдани хоҷагии устувори қишлоқ, таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занону духтарон, мусоидат ба рушди устувор, фарогир ва иқтисоди побарҷо, шуғли пурра, пурсамар ва кори шоиста барои ҳама иборат мебошад.

Мавзӯи дигари интерактивӣ «Об барои таъмини василаи зиндагонӣ ва рушди фарогири иқтисодӣ (Water for Livelihoods and Economic Growth) мебошад, ки ин ҳам атрофи масъалаҳои марбут ба эҷоди зерсохтори устувор, мусоидат ба саноатикунонӣ ва инноватсияи фарогир, таъмини ошкорбаёнӣ, бехатарӣ, устувории экологии шаҳру шаҳракҳо, таъмини гузариш ба шаклҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот ва ғайра мебошад.

Мавзӯи сеюм «Об, муҳити зист ва устуворӣ ба таъсири иқлим» (Water, Environment and Climate Resilience) дар умум иқдомҳои дастҷамъонаи давлатҳоро ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим, паст кардани фавти одамон бинобар натиҷаи офатҳои табиӣ ва дастрасӣ ба энергияи устувор дар назар дорад.

Ҳамин тариқ, ҳадафҳои мавзӯи чоруми интерактивӣ-  «Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об» (Transboundary Water Cooperation) нигоҳдорӣ ва пурзӯр намудани иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ дар беҳбудии хоҷагии об ва санитария, пешбурди ҷомеаҳои осоишта ва фарогир барои рушди устувор, таъмини дастрасии ҳама ба адолат, бунёди институтҳои пойдор ва шарикии глобалӣ барои рушди устувор мебошад.

Ниҳоят мавзӯи панҷум «Тезонидани татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об тавассути барномаи глобалӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи ҲРУ6» аст, ки дар он мувофиқат намудани панҷ мавзӯъ ба панҷ «суръатдиҳанда» – и чаҳорчӯби глобалӣ барои суръат бахшидан ба Ҳадафи 6 рушди устувор (молия,маълумот ва иттилоот, рушди иқтидор, инноватсия, идоракунӣ) ва се принсипи Конфронси об (фарогирӣ, байнисоҳавӣ ва ба амал нигаронидашуда) инъикос ёфтаанд.

Чаро дар Конфронси оби СММ-2023 маҳз Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисӣ мекунанд?

— Чунки Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва ҳамчунин кишвари дорои пиряхҳои зиёд мебошад. Нидерланд дар навбати худ мамлакатест, ки дар соҳили баҳр ҷой гирифтааст ва моро тамоман ду масъалаи гуногун ба ҳам меорад. Ин ду кишвари дорои фарҳанги мухталифро бо тараққиёти гуногун танҳо масъалаи об ба ҳам наздик кард, то ки ба хотири манфиати мардум ва об ҳамкорӣ намоянд. Мо ин равишро «From South to sea» номидем, ки барои раванди об муҳим мебошад.

— Ҳоло омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд дар масъалаҳои об ва ташкили конфронси дуюм бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.

Ҳафтаи гузашта дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, созмон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии наҷоти Арал гузаронида шуд. Мақсад аз ҳамоиш- инъикоси бештари Конфронси СММ-2023 мебошад. Умедворем, ки раисии Тоҷикистон дар он ба рушди соҳаи об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми бузург хоҳад гузошт.

Ташаккур барои суҳбат.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ
«Ховар»