Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ» конференсия доир шуд

Submitted by admin on Mon, 25/09/2023 - 10:34
Tajikistan
123

21 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ: саҳм дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.

Дар конференсия раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони доираҳои илмии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Бошқирдистон, Беларус, мақомоти адлия ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва мутахассисону коршиносони сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳон иштирок намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода таъкид намуд, ки дар шароити кунунӣ баррасии масъалаи терроризму экстремизм ва пешниҳод намудани роҳҳои пешгирии он аз мавзуъҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар таъмини амнияту осудагӣ ва бехатарии сайёра масъул мешуморад ва тамоми кӯшишҳои худро ба пешгирии паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб равона сохтааст.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон нақши роҳбарон ва пешвоёни сиёсӣ дар ҳалли мукшилоту муаммоҳои муҳимтарини сиёсӣ ва геополитикӣ бағоят муҳим арзёбӣ мегардад. Хушбахтона, таърих ба миллати тоҷик сарвари бузург ва пешвои ҳақиқии миллатдӯсту ватанпараст ҳадя намудааст, ки ҳатто аксари пешомадони бузурги сиёсии сатҳи байналмилалӣ сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сулҳу ҳамгироӣ маншаъ мегирад, эътироф менамоянд ва дар ҳалли қазияҳои ихтилофбарангез онро мояи асосӣ медонанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат дар самти мубориза бо терроризму экстремизм корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Таҳти сарварии Пешвои миллат тарҳи муосири мубориза бо терроризм муайян ва дар мамлакат лоиҳаҳои бузург ҷиҳати пешгирии терроризму экстремизм амалӣ шуданд.

Зимни конференсия иброз гардид, ки дар маркази идеологияи бунёдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғояи инсондӯстиву сулҳпарастӣ қарор дорад. Дар ин самт ҳизб таҳти сарварии Роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуби аср — терроризму ифротгароӣ ва инчунин решакан намудани омилҳои бавуҷудояндаи он амалӣ менамояд. Имрӯзҳо дар мамлакат бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври пайваста бо аҳолии ҷумҳурӣ суҳбату вохӯрӣ ва нишастҳо ташкил шуда, омилу сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии терроризм дар пайравии сиёсати роҳбарияти мамлакат фаҳмонида мешаванд.

Дар конференсия меҳмонон ва коршиносони дохилу хориҷ нақши пешвоёни сиёсиро дар ҳифзи сулҳи сартосарӣ ва саҳми онҳоро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҳлилу баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ барои пойдории сулҳ ва пешгирии терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби ҷаҳони муосир чораҳои муштарак ва ҳамдилонаро амалӣ намудан зарур аст.

Теги