Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ бо се медал байни 45 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 11:22
Tajikistan
123

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 давлати иштироккунанда дар ҷойи 12-ум қарор дорад. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то ҳоло варзишгарони 30 давлат медали бозиҳоро ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 14 кишвар нишони тилло гирифтаанд. Дастаи мунтахаби Чин бо касби 99 медал (56 тилло, 30 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 51 медал (15 тилло, 16 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 50 медал (9 тилло, 21 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд. Ба даҳгонаи аввал инчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон бо касби (5-6-11), Гонконг (5-5-11), Тайланд (5-1-5), Ҳиндустон (3-4-7), Индонезия (3-1-5), Тайпейи Чин (2-3-3), ва Эрон (1-4-5) дохил мебошанд.

Инчунин пеш аз Тоҷикистон боз як давлат– Аморати Муттаҳидаи Араб (1-1-3) ҷойгир шудааст. Аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Тоҷикистон Қирғизистон як медали тилло (ҷойи 14-ум), Қазоқистон 9 медал (2 нуқра ва 7 биринҷӣ, ҷойи 16-ум) ва Туркманистон 1 медали биринҷӣ (ҷойи 25-ум) гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Ҳамин тариқ, ҳар се медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи гӯштини ҷудо тааллуқ доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-умин Осиёӣ, ки то 8 октябр идома меёбанд, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ менамоянд. Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои бокс, гӯштини озод ва юнонию румӣ, ҷиу- ҷитсу, варзиши сабук, каратэ ва кураш имкони гирифтани медал доранд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ханжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ- манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 18 адад медали биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

Теги