Имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс варзишгари тоҷик Давлат Болтаев медали дуюми тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ниҳоӣ дар вазни -92 кг Давлат Болтаев бо қарори доварон бар Ҳан Хуежен аз Чин ғолиб омада, соҳиби ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Бояд гуфт, ки варзишгари тоҷик даври якум бар Арсланбек Очилови туркман, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз ва дар даври нимниҳоӣ бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯзӣ шуда, ба даври ниҳоӣ баромад.
Инак, ин медали дуюми тилло ва дар умум, медали шашуми дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 мебошад.
Қаблан аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, -81 кг)- медали тилло, Темур Раҳимов (ҷудо, +100 кг)- медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, -73 кг)- медали биринҷӣ, Хайрандеш Муродзода (гӯштини кураш, -66 кг)- медали биринҷӣ ва Ҳақназар Назаров (гӯштини кураш, -90 кг)- медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд.