Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» муайян гардиданд

Submitted by admin on Sat, 07/10/2023 - 14:26
Tajikistan
123

Имрӯз дар Душанбе маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супоридани Шоҳҷоизаю ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо шукуҳ ва бо пешниҳоди барномаи фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи панҷ номинатсия ғолибон, аз ҷумла дар номинатсияи «навозандагӣ» жанри анъанавӣ Фазлиддин Одинаев, номинатсияи «сарояндагӣ» Хусрав Ҳабибов, номинатсияи «композиторӣ» Манучеҳр Бурҳонов, номиантсияи «санъати тасвирӣ» Муҳаммадҷон Ҳикматзода ва номиантсияи «дизайн» Наргис Саидова соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.

Дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 500 нафар иштирок намуда, ғолибон ва устодони онҳо бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва дигарон иштирок намуданд.

Теги