Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Раиси Палатаи болоии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.
Пешвои миллат рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русияро аз авлавияти давлати мо дониста, изҳори боварӣ намуданд, ки равобити байни Тоҷикистон ва Русия минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду давлат рушд хоҳанд намуд.
Tajikistan