Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки дар рушди маънавии ҷомеа нақши муҳим дошта, ҷузъи қавии фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат маҳсуб меёбад.
Мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро аз қабили Шашмақом ва Фалак фаро мегирад, таърихи хеле қадима дорад.
Дар ин радиф, мусиқии суннатии тоҷик «Фалак» ҳамчун ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон дар тӯли қарнҳои зиёд чун як жанри хусусияти мардумӣ дошта, мутобиқи низоми хосаи иҷроӣ, таснифӣ ва мактаби таълимии «устод – шогирд» рушд намудаааст ва мо аз рўи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст».
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон санъати «Фалак» ба сатҳи нави касбӣ расонида шуда, хусусияти миллии худро бо ҷилои нав зуҳур намуда истодааст.
Ин жанр ҳамчун санъати мардуми қадимаи фарҳангпарвар муаррифӣ мешавад, ки имрўз ҳам иқтидору хусусиятҳои хешро нигаҳ дошта, рў ба рушд оварда, дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои дурахшони худро боз ҳам ҷилвагар карда истодааст.
Санъати «Фалак» хазинаи нодири миллати тоҷик аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накўӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад.
Дар ин радиф, таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандўст мебошад.
Қобили зикри хос аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо мақсади дастгирӣ ва арҷгузории арзишҳои мардумӣ саҳми беназирро барои рушди санъати Фалак Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд.
Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани санъати «Фалак» ба рўйхати мероси фарҳангии ѓайримоддии ЮНЕСКО ва ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодию анъанавӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.
Дар ин зимн, бо мақсади баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии имрўзаи тоҷикон 16 ноябри соли 2001 Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №714 «Дар бораи таъсиси Ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид, ки дурнамо ва масъалаҳои муҳимеро дар кори рушду такомули ин санъати волои миллӣ пешбинӣ намудааст.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосгузории ҷашнҳои давлатии «Рўзи Шашмақом» (12 май) ва «Рўзи Фалак» (10 октябр) маънои дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусиқии суннатиро дошта, нақши ин ду ҷашн дар устуворгардонии санъати мақомхониву фалакхонӣ хеле бузург аст.
Ин тадбирҳо бешак барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанрҳои нодири мусиқии суннатӣ, эҳё ва нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат намуда истодааст.
Бо як ҷаҳон таманниёти нек аҳли ҳунари ансамбли давлатии «Фалак»-ро самимона шодбош гуфта, дар ҷодаи басо заҳматталабу пуршарафашон пешрафту комёбӣ хоҳонам.
Итминон дорам, ки санъати «Фалак» бо асолат ва маърифати баланди худ дар замири ҳар як фард эҳсоси хештаншиносӣ, дӯстдории Ватану миллат ва арҷгузорӣ ба ин санъати асилу фарҳанги волоро бедор месозад.
Мерасад савти «Фалак» то ба фалак,
Ҷони хушбахт ба тан мерақсад.
Дар «Фалак» ахтару моҳу хуршед,
Дар замин дашту даман мерақсад
Базми озодиву Истиқлол аст,
Пиру барнои Ватан мерақсад.
Ҷашн муборак, ихлосмандон ва ҳунарпешагони азиз!
Бо камоли эҳтиром, аз номи ҳайати мушовара, кормандон ва аҳли эҷоду ҳунар,
Раиси Кумитаи телевизион
ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Нуриддин Саид