Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Афғонистон заминларза ба амал омад.
Тибқии иттилои расида ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз руи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.
Дар натиҷаи офати табии беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, зиёда аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Бар асари заминларза нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон муайян карда нашудааст.
Вобаста ба амал омадани офати табиӣ ва ҳалокату осеб дидани шумораи зиёди сокинони Афғонистон мардуми Тоҷикистон сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунанд.
Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагон шифои комил таманно менамояд.
Tajikistan