Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, роҳбарони раёсату сохторҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, сармуҳаррирон, саркоргардонҳо, сардорони идораҳои телевизион ва радиоҳои вилоятӣ иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Кумита Нуриддин Саид ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои мушовара ва ҳозиринро бо рӯзномаи мушовара шинос намуд. Мувофиқи рӯзнома дар мушовара ду масъала, ҷамъбасти фаъолияти сохторҳои кумита дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи охири соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаи якум раиси кумита баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар баробари дастоварду муваффақиятҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор мушкилоту камбудиҳо низ мушоҳида гардид, ки бартарафсозии саривақтӣ ва ҳалли ҳарчи зудтари онҳо аз роҳбарону намояндагон масъулияти хидматӣ ва маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Ба гуфти раиси кумита, “таъмини воҳидҳои корӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, бахусус аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманду забондон яке аз роҳҳои таъмини самаранокии фаъолият ва пешрафти кори соҳа мебошад”.
Нуриддин Саид ҳалли масъалаи норасоии кадрҳои соҳибтахассусро дар тақвият бахшидани ҳамкории зичи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо муассисаҳои олии таълимии касбии мамлакат ва ҳамчунин пайваста баргузор намудани курсҳои такмили тахассуси кормандон дар Академияи ВАО Тоҷикистон маънидод кард. Раиси кумита ёдовар шуд, ки айни замон дар асоси супориши Кумита бо дарназардошти афзоиши шабакаҳои телевизионии гуногунформат дар кишвар ва дар ин замина зиёд шудани талабот ба мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби Академияи ВАО Тоҷикистон пайваста курсҳои журналистикаи соҳавӣ баргузор карда мешаванд, ки роҳбарони сохторҳо ҷиҳати таъмини иштироки кормандонашон дар курсҳои мазкур масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Зимни таҳлили фаъолияти нимсола Нуриддин Саид шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро василаҳои муҳиму муассири иттилорасон дар шароити мураккаби рақобатҳои иттилоотӣ номид ва изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла “Телевизиони Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо”, “Варзиш”, “Душанбе HD”, “Илм ва табиат”, “Шаҳнавоз”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва шабакаҳои телевизионии минтақавии “Бадахшон”, “Суғд”, “Хатлон” ва “Кўлоб” бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳими дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 эълон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Саммити сарони давлатҳои Осиёӣ Марказӣ дар Тоҷикистон, мулоқоти сарони кишварҳои Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Форуми сармоягузорон дар Душанбе, сафарҳои Пешвои миллат ба ИМА ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъоти муҳимро омода намуда, манзури бинандагон гардониданд.
Зимни баромад раиси кумита ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии кормандон дахл намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки барои дастгирии кормандон аз љињати молиявї ба 63 нафар (дар соли 2022-57 нафар) кумакпулии якваќтаина, ба 543 нафар (дар соли 2022-1364 нафар) мукофотпулї ва ба 1114 нафар (дар соли 2022-654 нафар) дигар намуди њавасмандгардонї дода шуд.
Дар мавриди қадршиносии заҳмати ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ Нуриддин Саид изҳор дошт, ки соли равон бори нахуст дар таърихи фаъолияти Кумита шумораи зиёди кормандон бо унвонҳои баланд ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин давра, бахшида ба љашнњои давлатї ва идњои касбї 26 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо унвони фахрии Њунарпешаи халќии Тољикистон, 8 нафар бо унвони фахрии Њунарпешаи шоиста Тољикистон, 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тољикистон, 4 нафар бо Ифтихорномаи Тољикистон, 106 нафар бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тољикистон», 81 нафар «Ифтихорнома» 73 нафар бо «Сипоснома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, 5 нафар бо нишони «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» ва 6 нафар бо нишони «Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон» сарфароз гардиданд, ки ин дастовард дар баробари ифтихор, ҳамчунин масъулияти бештари касбиро аз мо тақозо менамояд.
Бо вуҷуди муваффақиятҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пешниҳод карда шуд, ки тарзу услубҳои нав ба нави пешниҳоди барнома, гузориш, хабар ва дигар жанрҳо амалӣ карда шавад. Ҳамчунин бо назардошти рушди технологияҳои муосири рақамӣ ва интернет тақвият бахшидани фаъолияти сомонаҳои расмӣ ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии шабакаҳои телевизион ва радиоӣ давлатӣ муҳим шуморида шуд.
Зимни баромад, ҳамчунин фаъолияти идораҳои телевизион ва радиои вилоятҳо ва сохторҳои дигари зертобеъи кумита мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин аз ҷониби роҳбарияти кумита дастуру супоришҳо дода шуданд.
Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи баромадҳо аз ҷониби аъзои мушовара қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Котиби матбуот
И.Аҳмад