Пешвои миллат: «Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад»

Submitted by admin on Sun, 15/10/2023 - 14:22
Tajikistan
123

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

«Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имкон пайдо шуд, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ойини аҷдодӣ низ эҳё гардад ва он ба муҳити фарҳангии даврони навини давлатдории миллӣ ҳамчун ҷашни миллӣ ворид карда шавад.

Теги