Таъмини фазои иттилоотии аҳоли, хусусан фарогирифтани сокинони манотиқи мухталифи мамлакат бо томошои барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавони аз самтҳои муҳими сиёсати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо ин мақсад бо дастгирии бевоситаи президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2010-2015» мавриди аммал қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз омўзишу тадқиқоти зиёд, мутахасисони соҳа ба хулосае омаданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори намудани низоми нави аврупои телевизиони DVB-Т2, яъне пахши замини телевизиони рақамӣ мувофиқ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас ИМА, Япония, ва дигар мамолики Аврупо ба системаи пахши телевизиони рақамӣ гузаштанро аз соли 2010 оғоз кард ва бояд барномаи мазкур то охири соли 2015 амали карда шавад.
Гузаштан ба системаи пахши телевизиони рақамӣ чандон кори саҳлу осон набуда, он давра ба давра амали карда хоҳад шуд. Дар назар аст, ки то охири соли 2015 тамоми маркази ноҳияҳо бо пахши телевизиони рақамӣ фаро гирифта мешаванд.
Хонандагон ва муштариёни гиромӣ дар сатрҳои зер кўшиш ба харҷ додаем, ки афзалияти системаи пахши телевизиони рақамиро ба Шумо ошкор намоем:
- Ситемаи мазкур имконият медиҳад , ки қувваи барқр хеле сарфа гардад, койфисенти фоиданокии таҷҳизоти технологи то 80 фоиз ва аз инҳам баландтар бардошта шавад;
- Сатрҳои равон бо якчанд забон рўи навор бароянд;
- Сифати телевизиони рақамӣ дар ҳама гуна шароит ҳам барои телевизионҳои собит ва ҳам барои қабулкунандаҳои сайёр хеле баланд боқӣ мемонад.
- Муқовиматпазирии телевизиони рақамӣ ба халалҳо нисбат ба пахши аналогӣ бисёр баланд аст;
- Ғунҷоиши каналҳои телевизиони дар мавриди амали гардидани барномаи мазкур зиёд мегардад;
- Гузаштан бо системаи пахши телевизиони рақамӣ имконияти пахши бисёрканала ва сифати кафолатнокро ба миён меоварад ва шароит фароҳам меоварад, ки аҳолӣ ба манбаи хеле бо эътимоди иттилооти замонавӣ телевизион, интернет ва ғайраҳо дастрасӣ дошта бошад.
Мутахассисони соҳа роҳҳои асосии амалӣ намудани барномаи номбурдаро муйян намудаанд:
1. Дастгирии молиявии давлати
2. Муҳаё намудани шароит барои сармоягузорӣ ва намудҳои дигари маблағузорию қарзҳои имтиёзнок
Барои амали сохтани консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010- 2025, барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2010-2015 ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 529 аз 01. 10. 2009 сол тасдиқ карда шуд. Кумитаи Телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷорӣ ва давра ба давра гузаштан аз системаи анологӣ ба формати аврупои пахши телевизиони DVB-Т2 ро таҳя намудааст. Интихоби мазкурро гурўҳи корӣ пас аз таҳлили низомҳои телевизиони рақамӣ дар истеҳсолот қарор дошта, стандартизатсияи байнанлмилалӣ ва аз рўи натиҷаи санҷишҳо ва таҷрибаҳои ватании пахши телевизиони рақамии заминӣ пешниҳод намуданд ва мўҳлати марҳилаи гузаришро пахши онологӣ ба рақамӣ 5- сол муайян карданд. Дар ин давра системаи анологӣ ва рақамӣ якҷоя фаъолият менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати комилан иваз намудани тамоми қабулкунандаҳои телевизионии аҳолӣ барои гузариши пурра ба пахши телевизионии рақамӣ мамлакат 10-12 сол лозим аст.
Телевизорҳои имрўза истифодашаванда сигнали рақамиро қабул карда наметавонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд то соли 2015 телевизиорҳои худро иваз намоем. Баракс дар ин маврид ҳама гунна қабулкунандаи телевизионӣ, ҳатто куҳнатарин кабулкунандаи телевизиониро истифода бурдан мумкин аст, факат он бояд, духули антенаи маъмулӣ set-top-box дошта бошад. Барои истифодаи телевизиорҳои муқарарӣ ҳангоми пахши системаи телевизиони рақамӣ декодер ё бо истилоҳи SET – TOP - BOX - ро истифода бояд кард, ки он сигнали рақамро кабул намуда, ба сигнали анологӣ табдил медиҳад ва ба духули қабулкунадаи телевизион интиқол медиҳад. Дар ин маврид ба тамошобин лозим аст, ки фақат канали дилхоҳро интихоб намояд.
Нархи декодер айни замон дар бозор 243-сомониро ташкил дода тибқи пешгўиҳо қимати он вобаста ба талаботи рўзафзуни аҳолӣ поён меравад .
Новобаста аз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, ҶСК «Телерадиоком» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барномаи мазкурро дар мўҳлати муайя гардида ба анҷом расонад.