Ахбор
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ «Суғдметалл»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобочон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои металлии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суғдметаллро расман мавриди истифода қарор доданд.
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш дод.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
20.03.2025, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.
Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
20.03.2025, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум
сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 марти соли 2025
№1009
Pagination
- Previous page
- Page 6
- Next page