НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад

Submitted by admin on Mon, 25/03/2024 - 12:30

Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.

 

Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.

 

Наврӯз ҷашни коштан аст, коштани ишқ, коштани умед, коштани донаҳои саховату некӣ, покиву порсоӣ, коштани ризқи мардум.

 

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд

Submitted by admin on Mon, 25/03/2024 - 12:28

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

ШУУРИ ДИНӢ — ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ — ФАРҲАНГӢ. Андешаҳо вобаста ба далелҳо ва механизмҳои шаклгирии он

Submitted by admin on Mon, 25/03/2024 - 08:30

Таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик баёнгари он ҳастанд, ки вазъи шуури динӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории навин масъалаи мубрам ва афзалиятнок ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала 9 март дар “Кохи Ваҳдат” мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат андешаҳояшонро доир ба вазъияти динии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи дину дингароӣ ба фаъолони ҷомеа ва ходимони дин маслиҳатҳои судманд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Sat, 23/03/2024 - 12:37

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

 

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.