БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
Устод Садриддин Айнӣ, чунонки аз осораш пайдо аст, ба падари шеъри тоҷикӣ иродату эҳтироми хосе қоил будааст. Ҳамин эътиқод ва иродати махсус ба Одамушшуаро будааст, ки устод Айнӣ ба навиштани мақолоти арзишманди тадқиқӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ ва хусусияти шеъри ӯ иқдом намуда, на танҳо бунёди рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон гузошт, балки дар натиҷаи ковишҳои пурсамари илмӣ-тадқиқотияш дар бораи шоир нахустин бор ба бозкушоии санъати шеъри устод, муъҷизаосоии сухани ӯ ва кашфи мазори гумноми устод Рӯдакӣ низ шарафёб гардид.