Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик»-и Ҷумҳурии Тотористон cарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум байни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.