Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Пекин дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
22 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд.