Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» ҷамъбаст гардид
18 август дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.