Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.