Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд намуд.