60 ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҳунармандон метавонанд соҳиби ин грантҳо шаванд

Submitted by admin on Wed, 21/02/2024 - 13:48

Имсол 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис ёфтааст. Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

Submitted by admin on Wed, 21/02/2024 - 10:16

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ,

 

МАҲФИЛ: “Тоҷикон” ва ҳувияти миллӣ

Submitted by admin on Tue, 20/02/2024 - 20:38

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин донишҷўёни синфҳои болоии макотиби таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва ҳавасмандон маҳфили адабии “Хирадмандон” баргузор гардид. Роҳбари маҳфил, нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба кори он ҳусни оғоз бахшид.

«ЗИНДА КУН АЗ САДОИ МАН ХОКИ ҲАЗОРСОЛАРО…». Давлатманд Холов дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор меравад

Submitted by admin on Tue, 20/02/2024 - 16:48

 Хабари фавти Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва иштирокчии даҳҳо фестивалҳои минтақавию байналмилалӣ устод Давлатманд Холов дили ҳазорон дӯстдорони суруду мусиқиро андуҳгин намуд.