УСТОДИ «ФАЛАК» ТАРКИ ФАЛАК ГУФТ...

Submitted by admin on Tue, 20/02/2024 - 10:57

Санъати «Фалак» хазинаи нодири миллати тоҷик аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накӯӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад ва таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад ва ин рисолатро дар баробари дигар ҳунармандони маъруф ҳамзамон устод Давлатманд Холов низ содиқона иҷро намудааст.

 

28 феврал иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад

Submitted by admin on Mon, 19/02/2024 - 19:59

28 феврал дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Тибқи иттилои манбаъ, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 28 феврали соли 2024, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

ТАЪЗИЯ: Давлатманд Холов- устоди фарҳанг ва санъати тоҷик

Submitted by admin on Mon, 19/02/2024 - 19:33

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти фалаксарои машҳур, сароянда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф» Давлатманд Холов сахт андуҳгин буда, ба аҳли пайвандону наздикон, дӯстону мухлисон ва ҳаводорони ин сарояндаи нотакрор тасаллияту ҳамдардӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованд ба наздикону пайвандони эшон сабри ҷамил мехоҳад.

 

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад

Submitted by admin on Mon, 19/02/2024 - 14:56

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шуро 28 феврали соли 2024, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.