Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
2 июн муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони «Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок карда, дар ҳошияи ҷаласаи аввал сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ сухан гуфтанд.