Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
04.05.2023, Қазоқистон
Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям.
Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани ман бо ордени «Алтин Қирон» миннатдории амиқи худро иброз медорам.