Дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон наздик ба 40 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 2,6 миллиард доллар ба имзо расонида шуд
Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.
Дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 соҳибкор ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолият байни ду давлат иштирок намуданд.