Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант – Лолазор санги асос гузоштанд
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии «Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор» оғоз бахшиданд.
Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.