«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Ин филм дар маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ба навор гирифта мешавад
19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.