Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд
8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат ҳастем.