Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиевро бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гӯям. Дар оғоз мехоҳам таъкид намоям, ки давоми сӣ соли равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон, Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат менамоянд.