Рушди фаъолияти сомонаҳои расмии сохторҳо дар шароити рақобатҳои иттилоотӣ
Бо рушди технологияҳои компютерӣ ва тадриҷан дастрастар шудани интернет рақобат миёни шабакаҳои радиотелевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет то рафт шиддат мегирад.
Иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки воситаи мувофиқтарин ва осонтарини ҷалби тамошобин ин телевизион аст. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки оянда ба шабакаи ҷаҳонии интернет тааллуқ дорад ва пахши телевизион ҳамчун як васила дар ҳоли нобуд шудан аст.