Соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад
Ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-и Вазорати корҳои хориҷӣ Аҳмад Саидмуродзода дар шаҳрҳои Москва ва Минск силсилаи вохӯриҳоро ба манзури муҳокимаи масъалаҳои омодагӣ ба раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 доир намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.