Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Катерин Рассел мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид давоми 30 соли шарикӣ баррасӣ гардид.