Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукуҳ таҷлил гардид
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.