«ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон гӯшаи сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» ташкил карда шуд

Submitted by admin on Fri, 10/03/2023 - 10:14
Tajikistan
123

7-9 марти соли 2023 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамкории муштараки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи «Messe Berlin» гӯшаи сайёҳии мамлакат зери унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» ташкил карда шуд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.

Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои олмонӣ ва ширкатҳои гуногуни ҷаҳон  бо мақсади ташкил  ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ  ва омодасозии мутахассисон дар ин самт доир шуданд.

Бояд гуфт, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin» ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари имконоти сайёҳии мамлакат, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон  ва тақвияти ҳамкории самарабахш  байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Соли равон дар «ITB Berlin» тақрибан 161 давлати ҷаҳон ва қариб 6 ҳазор нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, имконот ва хизматрасониҳои саёҳатиро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Теги