Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак фиристода шуд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумак ба оилаҳое, ки давоми чанд рӯзи моҳи феврали соли равон дар натиҷаи офати табиӣ зарар диданд, дастрас карда мешавад.
Кумаки мазкур дар маҷмӯъ аз 18 тонна маҳсулоти ғизоӣ иборат мебошад.