Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»
Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».