Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

Submitted by admin on Tue, 06/02/2024 - 09:37

5 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ медиҳад.

 

Меҳмононро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии неругоҳ аз наздик шинос намуданд.

 

Дар Тоҷикистон нашъамандӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон коҳиш ёфтааст

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 18:39

Зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023, ки имрӯз баргузор гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳолат ва натиҷаҳои амалисозии марҳалаи якуми «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» пурсон шуд.

 

КОРҲОИ ҶУЗЪИ ЧОРУМ ДАР НБО-И «РОҒУН». Маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд барои анҷоми он нигаронида шудааст

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 17:32

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди саудии рушд» мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, ба овоз монда шуд ва қарор тасдиқ гардид. Созишнома аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд, ки 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, амалӣ гардида, барои идомаи иҷрои корҳои ҷузъи чорум дар НБО-и «Роғун» нигаронида шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.

 

НАВРӮЗ-2024. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ «Карнавали наврӯзӣ» доир мегардад

Submitted by admin on Mon, 05/02/2024 - 17:29

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 январи соли 2024 ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.