Эмомалӣ Насриддинзода: «Дар Паём таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид»
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди кишвар пайваста рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Онҳо инчунин бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», инчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумўи минбаъдаи кишварамон имконияти нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.