Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 90 миллиард сомониро ташкил дод
Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин омор дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат баён шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 14,3 фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 истеҳсол ва содироти маҳсулоти нимтайёр афзоиш ёфтааст.