Сарвари давлат аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ намуданд

Submitted by admin on Thu, 25/01/2024 - 10:41

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

 

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст», -изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

 

Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»

Submitted by admin on Thu, 25/01/2024 - 09:44

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.

 

мҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Submitted by admin on Thu, 25/01/2024 - 08:57

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

 

Дар паёми навбатии Президенти мамлакат нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, дастоварду пешравиҳои дар ҳафт соли охир ноилшудаи кишвар, бахусус, дар соли 2023 баён гардида, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд, ки барои соли 2024 ва солҳои минбаъда вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Submitted by admin on Wed, 24/01/2024 - 14:37

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.