МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид

Submitted by admin on Thu, 07/12/2023 - 09:04

Имрӯз, 6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд

Submitted by admin on Thu, 07/12/2023 - 09:02

5 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

 Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

 

Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд

Submitted by admin on Wed, 06/12/2023 - 15:00

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

Submitted by admin on Wed, 06/12/2023 - 14:58

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи озод намудани судяҳо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

1. Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.