Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд
Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.