Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд

Submitted by admin on Fri, 17/11/2023 - 14:58

17 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар кори ҷаласа ҳамчунин роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд.

 

Дар Тоҷикистон ба ду ширкати хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани Интернети баландсуръат дода шуд

Submitted by admin on Fri, 17/11/2023 - 14:54

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

 

Ин тадбир дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст намудани арзиши он андешида мешавад. Ин иқдом муҳиму зарурӣ буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 17/11/2023 - 14:54

17 ноябр дар доираи сафари корӣ ва дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун пешниҳод мегардад

Submitted by admin on Thu, 16/11/2023 - 11:53

Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Дар он ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Шоҳҷоиза бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ ба донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ сазовор дониста шуд.