Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро ифтитоҳ намуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардидааст.
Муассиса дорои 16 синфхона, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи иттилоотӣ ва лингофонӣ мебошад.