Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 20:25

14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд.

Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Суханронӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 20:25

Ҳамкорони муҳтарам,
Дӯстони азиз,

Имрӯз маротибаи панҷум аст, ки мо дар чунин чорчуба мулоқот менамоем.

Давраи сипаришуда барои кишварҳо ва мардумони мо марҳилаи рушди босуръати савдои мутақобила, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии нақлиётӣ гардид.

Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю кӯшишҳои муштараки мо пайгирона ва босубот ба қаламрави ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад.

Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин талошҳо баҳравар мегарданд.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 20:24

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 20:20

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.