Соли 2022 дар Тоҷикистон 199 мактаб ва бинову синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд
Соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 199 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус 2 феврал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.