3 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Амрҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад, инчунин амрҳои Сарвари давлатро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо арзёбӣ намуд.
Мояи хушҳолист, ки 4 нафар шогирдони донишгоҳ соли 2022 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз аҳли ҳузур, масъулин, роҳбарон ва донишҷӯёни шомил ба дастаҳои олимпӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли 2023 тадбирҳои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳоро боз ҳам ҷоннок ва дастоварду натиҷаҳо, нуфузу эътибори донишгоҳро бештар намоянд.
Дар ҳамоиш омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯъҳои «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — эҳёгари чеҳраҳои нав», «Озмуни «Илм фурӯғи маърифат» – қадамҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат», «Роҳандозии озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» – василаи навбатии тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон» маъруза намуданд.
Тавре аз маърузаҳо бармеояд, яке аз тағйироту навгонӣ ва имтиёзи вижа дар низомномаҳои озмунҳо ин аст, ки иштирокчиёни даври чоруми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» (аз ҳисоби хонандагони синфи 11) метавонанд барои таҳсил дар гурӯҳҳои ройгони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ, фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ бидуни озмун қабул карда шаванд.
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ чунин имтиёзи бесобиқа пешбинӣ шудааст. Соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун, дар баробари мукофоти калони пулӣ ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бидуни супоридани имтиҳон ба таври ройгон қабул карда мешаванд.
Дар фарҷоми ҳамоиш донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуривии озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, бо «Сипоснома»-и Раёсати донишгоҳ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
АМИТ «Ховар»